вторник, 16 апреля 2019 г.



381- 400. Халли мисолу масъалахои тести аз математика ММТ-2019.
381.220 га замини шудгоршуда чанд фоизи замини 400 га-ро ташкил медихад?
Хал: 400----100%
220---х
Х=(220*100):400=55%.
382. Агар ба 100 км рох 8 литр бензин сарф шавад, барои тай кардани 425м км рох чанд литр бензин лозим аст?
Хал:
100----8л
425----х
Х=(425*8)/100=34.
383.Агар 235 сомонии харчшуда назар ба пулхои бокимондаи Гулбарг 55 сомони камтар бошад, дар пулдони у чанд сомони боки монд?
Хал:
Харч шуд---235с
Монд----235+55=290.
384.Пас аз он ки Орзу аз куттии якум ба куттии дуюм 5 кг нокро гузошт , дар хар як кутти 18-кг-и нок боки монд . Дар куттии якум чанд кг нок буд?
Хал:
К1---х-5
К2---х+5
Монд:
К1=К2=18
Х-5=18
Х=23.
385.Аз 64 дарахти бог 48-то зардолу ва дарахтони дигар бихи мебошанд. Дарахти зардолу назар ба дарахтони бихи чанд маротиба бештар аст?
Хал:
Хамаги---64
Зардолу ---48
Бихи---64-48=16
З/Б=48:16=3
386.Бахман ададеро ба хотир гирифта ба он адади 7-ро чамъ кард. Ва хосили чамъро ба 5 зарб кард. Аз хосили зарб адади 123 –ро тарх карда боз хамон ададро хосил кард.Ин кадом адад буд?
Хал:
(х+7)5-123=х
5х+35-123=х
5х-х=88
4х=88
Х=22.
387.Агар Озар 3/7 хиссаи рох ва 184 км-и бокимондаро тай карда бошад, у чанд км рохро гузашт?
Рох---х км
Гузашт---3/7х+184
Рох---?
3/7х+184=х
3х+184*7=7х
3х-7х=- 1288
4х=1288
Х=322км.
388. Нархи се садбарги сурх ду садбарги сафед ва як садбарги норинчи 42 сомони ва як садбарги сурх , ду садбарги сафед ва се садбарги норинчи 74 сомони аст .Нархи як садбарги сафед , як садбарги сурх ва як садбарги норинчи чанд сомони аст?
Хал:
3х+2у+с=42
Х+2у+3с=74
Х+у+с=?
Муодилахор чамъ мекунем: 4х+4у+4с=116
Ба 4 таксим мекунем: Х+у+с=29.
389. Нархи миз то 8% арзоншави 550 сомони буд. Нархи он чанд сомони арзонтар шуд?
Хал:
550----100%
Х-----8%
Х=(550*8)/100=44.
390. Агар Парвиз ½ хиссаи тамоми роху боз 75 км , пас аз он 1/3 хиссаи тамоми рох ва боз 45 км рохи бокимондаро тай намуда бошад , у чанд км рохро гузашт?
Хал:
1/2х+75----аввал гузашт
1/3х+45---баъд рафт
Рох---х
1/2х+75+1/3х+45=х
1/2х+1/3х-х=-75-45
1/6х=120
Х=720.
391.Агар як нон 80 дирам бошад . бо 20 сомони чандто нон харидан мумкин аст?
Хал:
20сом---2000д
2000:80=25 нон.
392.Пас аз 15% арзон шудан нархи миз 340 сомони шуд. Пеш аз арзоншави нархи он чанд сомони буд?
Хал:
Буд—х.
Арзон шуд---15%х
Шуд=340
Х-15%х=340
Х-0,15х=340
0,85х=340
Х=400с
393. Агар нархи 3 лиму 4 сомони бошад , бо 20 сомони чанд лиму харидан мумкин аст?
Хал:
3----4с
Х---20
Х=(3*20)/4=15то
394.Кимати 1 м матоъ 12,5 сомони аст. Бо 100 сомони чанд метр чунин матоъ харидан мумкин аст?
Хал:
1м----12,5с
Х------100с
100:12,5=8.
395.Фирдавс 13 кг мева- себ . нок. ва шафтолу харид. Агар себ назар ба нок 1кг камтар ва шафтолу назар ба себ 2 маротиба бештар бошад, у чанд килограмм шафтолу харид?
Хал:
Ш---2х
С---х
Н—х+1
Ш--?
2х+х+х+1=13
4х=12
Х=3
Ш=2х=2*3=6
396.Агар кимати 18м матоъ 162 сомони бошад . нархи 21 м хамин гуна матоъ чанд сомони аст?
Хал:
18----162с
21---х
Х=(21*162)/18=189с
397. 600 китоби дарсии математика 15%-и тамоми китобхои китобхонаи мактабиро ташкил медихад. Дар китобхонаи мактаби хамаги чанд китоб хаст?
Хал:
600---15%
Х---100%
Х=(600*100)/15=4000то
398. Дар гулдастаи Чонона садбарги сурх ва сафед-11то , садбарги сафед ва норинчи -12то ва садбарги норинчи ва сурх-13то.Дар ин гулдаста чанд садбарги сафед хаст?
Хал:
а+в =11
в+с=12
а+с=13
в----?
а=11-в
с=13-в
11-в+13-в=12
24-2в=12
2в=12
В=6 то
399. Тавфик мехохад ,ки се китоб харад . Бе китоби якум нархи ду китоб 40 сомони, бе китоби дуюм 45 сомони , ва бе китоби сеюм 47 сомони аст. У барои харидани се китоб чанд сомони сарф мекунад?
Хал:
К1—а
К2---в
К3----с
в+с =40
а+с=45
а+в=47
а+в+с=?
В=40-с
а=45-с
40-с+45-с=47
2с=85-47
2с=38
С=19
а+в+с=47+19=66с.
400. Дар мусобика 6 нафар шохмотбоз ширкат варзида, хар ду нафари он бо якдигар якбори бози карданд. Дар мусобика чанд бози баргузор гардид?
Хал:
Формула: n(n-1)/2=6(6-1)/2=15 бози.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Инкишофи тафаккури муштарак (ассоциативное мышление) Тафаккури муштарак ин махорати алокаманд намудани ду ходиса , ду мавхум, ду предм...